Пайвандҳои дастрасӣ

Парвозҳо аз Тоҷикистон ба Эрон ҳаррӯза хоҳанд шуд


Тоҷикистону Эрон тасмим гирифтаанд, байни ин ду кишвар иртиботи ҳаррӯзаи ҳавоиро ба роҳ андозанд. Феълан байни Тоҷикистону Эрон дар ҳафта 4 парвоз анҷом мешавад.
Тавофуқ дар мавриди афзоиши шумори парвозҳо байни ду кишвар дирӯз дар дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби раисиҷумҳури Эрон Муҳаммадризо Раҳимӣ ба даст омад. Ин мулоқот дар ҳошияи нишасти Созмони Шанхай доир шуд. Раҳимӣ дар ин нишаст аз Эрон намояндагӣ мекард. Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай мақоми кишвари нозирро дорад, вале ин созмон қаблан дархости ба узвияти комил пазируфтани Эронро радд карда буд.
XS
SM
MD
LG