Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори СБП аз хатари афзоиши қарзҳои Тоҷикистон


Cандуқи Байналмиллалии Пул аз ҳаҷми қарзҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори ташвиш карда гуфтааст, ки ҳаҷми ин қарзҳо дар се соли оянда ба ҳудуди 60 дарсади ҳаҷми маҷмаи маҳсулоти нохолиси дохилии Тоҷикистон хоҳад расид.

Ари Айзен, намояндаи доимии СБП дар Тоҷикистон гуфт, ки ин рақами хеле баланд аст. Вай афзуд мо ба давлати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем то аз ин ба баъд қарзҳои беимтиёзро ҷалб накунад.

Кишвари ғутида дар қарз

Дар ҳоли ҳозир қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиарду 800 миллион долларро ташкил. Ба гуфтаи Ари Айзен дар ин ҳолат Тоҷикистон бояд қарзҳои имтиёздореро ҷалб кунад, ки ҳаҷми грантии он аз 35 фоиз кам набошад.

Аммо профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар бораи ду баробар зиёд шудани ҳаҷми қарзи хориҷӣ бо СБП мувофиқ нест. Вай афзуд: «Ҳаҷми қарз аз 32-35 фоизи ҳаҷми маҷмаи умумии маҳсулоти дохилӣ зиёд нест, аммо бар асоси меъёрҳои байналмилалии амнияти иқтисодӣ, он бояд аз 25 фоизи ВВП зиёд набошад. 35 фоизи хатари банкроти иқтисодиро меафзояд ва ба 40 фоиз расад хатари ҷиддӣ дорад. Бо вуҷуди ин, ман ба арқоми ироакардаи СБП мувофиқ нестам.»

Ари Айзен, намояндаи доимии СБП, дар ин робита гуфт, вазорати молия қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистонро 32 фоизи ВВП хондааст, ки дуруст аст. Вале вазир танҳо қарзи давлатиро дар назар дорад, ки аз ду бахш иборат аст: бахши қарзи давлатӣ ва бахши хусусӣ ва ё ғайридавлатӣ.

Ҷаноби Айзен афзуд: «Ба ҳисоби мо ҳаҷми қарзи берунаи давлатӣ ва ғайри давлати Тоҷикистон 40 фоизи ҳаҷми маҷмаи умумии маҳсулоти нохолиси дохилии ҷумҳуриро ташкил медиҳад ва бинобар чашмандози мо, ин қарзҳо то соли 2013 на ба 60, балки дақиқан ба 56 фоизи ҳаҷми маҷмаи маҳсулоти нохолиси дохилии Тоҷикистон хоҳад расид.»

Шодӣ Шабдолов, узви Маҷлиси Олӣ мегӯяд, давлати Тоҷикистон солҳои ахир қарз мегирад, то қарзҳои пешинаро пардохт кунад
Қарз барои пардохти қарз


Шоди Шабдолов, узви маҷлиси олии ҷумҳурӣ, ба иддаоҳои СБП мувофиқ аст. Ҷаноби Шабдолов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки солҳои охир давлат қарз мегирад то қарзҳои пешинаро пардохт кунад ва ба ин далел ҳамасола касри будҷа меафзояд.

Ҷаноби Шабдолов афзуд: «Ин тамоюлот гувоҳи он аст, ки системаи қарзгириву сармоягузории мо мукаммал нест ва ин ҳалқаи касри буҷа, ки ҳамасола аз ҳисоби қарзҳои нав афзоиш меёбад, садамаи ҷиддие мезанад ба истиқлоли иқтисодӣ ва молии давлат.»

Сафарилӣ Наҷмиддинов, вазири молия низ афзоиши қарзи хориҷӣ дар соли ояндаро рад накард ва гуфт: «Ин қарзҳо дар оянда мумкин зиёд шавад зеро мо бар асосӣ барномаи стротегии қарзгирӣ, 61 лоиҳаи инвеститсиони ба маблағи 1 миллиарду 600 миллион долларро то соли 2011 тасвиб кардаем.»

СБП ҳамчунин аз афзоиши шиддати таваррум дар ин авохир дар Тоҷикистон изҳори ташвиш карда гуфтааст, ки Бонки миллии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои дар сатҳи 9 дарсад нигоҳ доштани шиддати таваррум талош кунад.

СБП ҳамчунин аз заифии низоми молӣ ва фоизи баланди қарздиҳии бонкҳои тиҷоратӣ таъкид карда гуфтааст, ки фоизи баланди қарзҳо ба рушди бахши тавлидот ва тиҷорат монеа эҷод мекунад. Ари Айзен намояндаи доимии СБП дар Тоҷикистон гуфт, ки қарор аст ин ниҳод ба Тоҷикистон 20 миллион доллар қарзи имтиёздор ироа кунад.
XS
SM
MD
LG