Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозаи транзити моли НАТО аз Русия ба Афғонистон


Русия ба мошинҳои низомии НАТО иҷозат медиҳад, ки ба хотири тавсеаи роҳҳои транзити бору мол ба Афғонистон аз қаламраваш истифода кунад. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар ин замина имрӯз дар Маскав дар як нишасти матбуотӣ бо ҳамтои афғонаш Залмаи Расул изҳорот дод.

“Тавофуқи дар заминаи фароҳам овардани шароити транзити бори НАТО ба Афғонистон ҳамчунин транзити баръаксро аз Афғонистон ба кишварҳои узви НАТО низ дар назар мегирад. Ҳақи анҷоми транзит ба мошинҳои низомии дорои дараҷаи баланди муҳофизат аз таркиши минаҳо дахл дорад”.
Маскаву НАТО рӯзҳои истироҳати гузашта дар заминаи тавсеаи транзити молҳои низомӣ ба тавофуқе даст ёфтанд. Аммо то ҳол мақомоти НАТО ҷузъиёти бештари ин ҳамкориҳоро ироа накарда буданд.
XS
SM
MD
LG