Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Моликӣ аз мардуми Ироқ


Нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ имрӯз мардуми кишварашро ба ваҳдати миллӣ даъват карда ҷараёни ташкили ҳукумати навро оғоз кардааст. Дар суханроние, ки баъди аз ҷониби президент Ҷалоли Толибонӣ ба унвони сарвазири Ироқ муаррифӣ шуданаш дошт, Моликӣ гуфт:
“Вазифае, ки ба дӯши ман вогузор шудааст, осон нест, бахусус дар шароити феълии бисёр душвор, ки кишвари азизи мо, Ироқ, аз сар мегузаронад. Ҳеҷ кас ин корро батанҳоӣ иҷро карда наметавонад. Мо бояд ҳамроҳ кор кунем ва тамоми зарфиятҳои худро ба хотири берун бурдани кишварамон аз ин вазъи бӯҳронӣ истифода кунем”.
Моликӣ сӣ рӯз дар ихтиёр дорад, ки ҳайати ҳукумати нави кишварашро ташкил ва муаррифӣ кунад. Бар тибқи созиши марбут ба тақсими қудрат мақоми раиси ҷумҳуриро дар Ироқ як сиёсатмадори курдтабор, раҳбари ҳукуматро араби шиамазҳаб ва раёсати парлумонро як суннимазҳаб ба ӯҳда хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG