Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон мехоҳад бо Русия гуфтушунид кунад


Гурҷистон гуфтааст, ба хотири узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ислоҳоти ҳамаҷонибаро амалӣ мекунад ва омодааст, бо Русия вориди гуфтушунид шавад. Ин матлабро раисиҷумҳури Гурҷистон, Михаил Саакашвилӣ дар порлумони Аврупо баён доштааст.

ва ҳам ноиби сарвазири Гурҷистон, Георгий Барамидзе ҳамин мазмунро дар мулоқот бо корманди Радиои Озодӣ баён намуд.

- Оё бо гузашти 7 сол аз он рӯзҳои пуршӯри инқилоби Гурҷисон раҳбарони нави кишвар ба ормонҳои худ расиданд?

- Ба як ҳадде. Ё мумкин, мешавад гуфт, ба ҳадди зиёде. Аммо албатта, агар ҷанг бо Русия сар намезад, мо кайҳо узви НАТО мешудем. Вале, агар холисона гӯем, мо ба ҷое расидаем, ки мехостем. Талошҳои мо барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо ва Паймони Атлантики Шимолӣ бино бар нақшаи муайян пеш мераванд ва бо вуҷуди сахтиҳо мо бо роҳи хеш равонем, пеш меравем. Тасаввур кунед, як кишвари хурди аврупоӣ бояд бо чӣ сахтиҳое рӯбарӯ гардад. Русия 20 дарсади қаламрави моро ишғол кардааст, ҳамзамон бӯҳрони ҷаҳонӣ моро ҳам ба комаш кашидааст ва баҳори гузашта бо нооромиҳои дохилии сиёсӣ рӯбарӯ будем. Аммо пеш меравем. Рушди даромади нохолиси миллии мо 6 дарсадро ташкил дод. Бонки Ҷаҳонӣ дар заминаи барномаҳои иқтисодии 5 соли охир Гурҷистонро ислоҳотгари шумораи аввали дунё номид. Ва бино бар иттилои Бонки аврупоии бозсохт ва рушд, Гурҷистон савумин кишвари камфасоди Аврупост. Магар ин ҳама дастовардҳои мафтункунандаи ин кишвар нест?

- Ҷанг бо Русия дар моҳи августи соли 2008, магар як иштибоҳи Гурҷистон набуд? Зеро хост бо истифода аз зӯр минтақаҳои ҷудоиталабро зери тасарруф дарорад? Паёми Саакашвилӣ дар Порлумони Аврупо оё эътирофи ин иштибоҳ ва ваъдаи такрор накардани он нест?

- Бо сабаби паҳн шудани дурӯғбозиҳо мо маҷбур шудем, як бори дигар назари худро таъкид кунем. Мавзеи мо замони имзои отшабас бо миёнравии Саркозӣ эълон шуда буд. Аммо маълум шуд, ки он барои ин мардум ва барои дипломатия кофӣ набудааст. Мо танҳо якбори дигар онро дар баробари Порлумони Аврупо такрор кардем. Ва дар ҳамин бобат раисиҷумҳур ба Созмони Милал ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо нома фиристод. Яъне мо омодаем, мо мехоҳем равандҳои дипломатӣ ва сиёсиро пеш барем. Вале дар мавриди он ки кӣ ҷангро сар кард, бояд бори дигар гузориши таҳқиқии Иттиҳоди Аврупоро хонд. Дар он ҳама чиз рӯшан аст. Амалан, 99 дарсади фактҳое, ки кумиссюн муаррифӣ кардааст, мавзеъгирии Гурҷистонро тасдиқ ва се баҳонаи Русияро барои ҳамла ба Гурҷистон мутлақан рад мекунанд.

- Аммо бо вуҷуди ин назар ба гузашта дар лаҳни Саакашвилӣ нисбати Русия як тағйире ба миён омадааст, магар на?

- Ин табиист, зеро онҳо 20 дарсади қаламрави моро ишғол кардаанд. 80 дарсади аҳолии ин ду миинтақаи ишғолӣ, Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ паноҳанда шудаанд. Ва бисёре аз хонаҳову деҳаҳо ба замин ҳамвор гаштаанд. Мардум беҷошуда ва паноҳанда шудаанд ва русҳо бархилофи созиши оташбас ба онҳо иҷозаи бозгашт намедиҳанд. Онҳо ҳатто ба нозирони аврупоӣ иҷоза намедиҳанд хатти ишғолро убур ва аз манотиқи ишғолӣ дидан кунанд.

- Шумо узви ҳайати давлати Гурҷистон дар нишасти сарони НАТО дар Лиссабон будед. Ҳатман матлаби рӯзномаи португалиро хондед, ки навиштааст, ҳайати Гурҷистон дар меҳмонсаро як ҷашни пурғавғо барпо кард ва дар он 80 фоҳиша ширкат доштаанд. Чӣ шуд он ҷо?

- Ин воқеан хандаовар аст. Ман аз чунин иттилои беасос, дақиқтараш аз чунин дурӯғ такон хӯрдам. Магар он ҷо чораҳои шадиди амниятӣ набуд? Ҳатто парандае наметавонист дар фазои меҳмонхонаи мо парвоз кунад. Худ қазоват кунед. Ин як чизи аблаҳонаест, ки ман дар бораи он ҳатто гап задан намехоҳам.
XS
SM
MD
LG