Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадбирҳои зиддихориҷиҳо дар Швейсария


Рӯзи якшанбе Швейсария тасмим хоҳад гирифт, ки оё тадбирҳои ташдидкунандаи шароити буду боши шаҳрвандони хориҷиро дар хоки худ, аз ҷумла, масъалаи ихроҷи онҳоро дар сурати даст задан ба ҷиноят қабул кунад ё на. Дар як раъйпурсии саросарӣ мардуми Швейсария бояд бигӯянд, ки оё бо ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонун розӣ ҳастанд, ки мегӯяд, шаҳрвандони хориҷие, ки ҷинояти мисли таҷовуз, бадрафтории шаҳвонӣ, хушунат, қочоқи маводи мухаддир ва ғоратгариро содир кардаанд, бояд аз қаламрави ин кишвар хориҷ шаванд. Ин раъйпурсӣ бо ташаббуси ҳизби ростгарои мардумӣ ва як сол баъди баргузории айнан чунин як раъйпурсии манъкунандаи бунёди манорҳои нав дар хоки ин кишвар баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG