Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ба истифодаи беҳтари роҳҳо даъват кард


Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи раҳбарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой гуфт, ки бӯҳрони сартосарии молӣ нишон дод, ки муқобила бо баъзе тамоюлҳои манфии иқтисодӣ дар чаҳорчӯби дуҷонибаи байни кишварҳо ғайриимкон аст. Аз ин хотир, гуфт ӯ, дар фурсати наздик бояд таваҷҷӯҳи дастаҷамъонаи кишварҳои аъзои ин созмон ба ҳамкориҳо дар риштаи нақлиёту энержӣ равона шавад. Вай афзуд:

“Бунёди сохторҳои нави энергетикие, ки аз сарчашмаҳои поки экологиву қобили барқароршавӣ истифода мекунанду барои бароварда сохтани на танҳо эҳтиёҷоти худӣ, балки ба тавсеаи имкониятҳои содиротии кишварҳои узв равона шудаанд, ҷиддан суръат хоҳанд бахшид”.

Оқои Раҳмон гуфт, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ аз роҳҳову гузаргоҳҳои нақлиётии амалкунанда истифода кардан зарур аст, то ки интиқолу бору коло тавассути роҳҳои оҳан ва дигар самтҳо сабуктар гардонда шавад. Вай бидуни овардани исми кишваре гуфт, мутаассифона, “гоҳо мо бо ҳолати баръакс рӯбарӯ мешавем ва аз ин кор иқтисод, риштаи иҷтимоӣ ва пеш аз ҳама мардуми оддӣ зарар мебинад”.
Дар ду соли охир Ӯзбакистон бо сабаби мухолифаташ бо бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар интиқоли транзитии бору мол ба Тоҷикистон монеагузорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG