Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон: "Ҷаҳон иҷоза намедиҳад Эрон ба ҷангафзорҳои ҳастаӣ даст ёбад"


Гуйдо Вестервелл, вазири хориҷаи Олмон

Гуйдо Вестервелл, вазири хориҷаи Олмон

Танҳо як рӯз пас аз нашри тозатарин гузориши мудири кулли Оҷонси байналмиллалии энержии атомӣ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон, вазири хориҷаи Олмон таъкид кардааст, ҷаҳон иҷоза нахоҳад дод, ки Эрон ба ҷангафзорҳои ҳастаӣ даст ёбад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Гуйдо Вестервелл, вазири умури хориҷаи Олмон рӯзи чаҳоршанбе гуфтааст: «Ҷаҳон намехоҳад шоҳиди мусаллаҳ шудани Эрон ба ҷангафзорҳои ҳастаӣ бошад.»

Вай, ки дар ҷаласаи парлумони Олмон сухан мегуфт таъкид кардааст ҳар чӣ бар шумори кишварҳое, ки ҷангафзорҳои ҳастаӣ дар ихтиёр доранд бештар шавад, ҷаҳон низ бесуботтар хоҳад шуд.

Изҳори нигаронӣ аз барномаи ҳастаии Эрон

Ин суханон як рӯз пас аз интишори тозатарин гузориши Юкиё Амано, мудири кулли Оҷонси байналмиллалии энержии атомӣ бар бораи барномаи ҳастаии Эрон, баён шудааст.

Оқои Юкиё Амано дар гузориши худ, ки дар ихтиёри кишварҳои узви шӯрои ҳуккоми Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ ва низ Шӯрои Амнияти СММ қарор гирифтааст, як бори дигар нисбат ба « дурнамои низомии эҳтимолӣ»-и барномаи атомии Эрон нигаронӣ кардааст.

Дар бахше аз ин гузориш омадааст, Оҷонси байналмиллалии энержии атомӣ бо такя ба иттилооти мавҷуд, ҳамчунон нисбат ба «фаъолиятҳои ҳастаии эҳтимолии Эрон дар гузашта ё ҳол бо мушорикати созмонҳои низомии шомили фаъолиятҳои вобаста бо сохти як кулоҳаки ҳастаӣ» нигарон аст.

Мудири кулли Оҷонси байналмиллалии энержии атомӣ дар гузориш ҳамчунин изофа кардааст: « шавоҳиде дар даст аст, ки нишон медиҳад бархе аз ин фаъолиятҳо пас аз соли 2006 низ идома доштааст.»

Эрон ҳушдорҳои Ғарбро нодида мегирад

Кишварҳои ғарбӣ ва ба вижа ИМА Эронро муттаҳам мекунанд, ки дар пӯшиши барномаи ҳастаӣ худ ба дунболи сохти ҷангафзорҳои ҳастаӣ ё дастёбӣ ба қобилияти сохти ин гуна ҷангафзорҳо аст.

Ҳарчанд Теҳрон ҳамвора чунин иттиҳомотеро рад кардааст, аммо дар тозатарин гузориши мудири кулли Оҷонси байналмиллали энержии атомӣ низ тасреҳ шудааст, ки мақомҳои эронӣ ҳамчунон аз ироаи тавзеҳот дар бораи суолҳои боқимонда ба вижа дар бораи моҳияти эҳтимолии низомии барномаи ҳастаии худ сар боз мезанад.

Шӯрои Амнияти СММ то кунун бо тасвиби чаҳор қатънома, таҳримҳое алайҳи Эрон вазъ карда ва аз ин кишвар хостааст ба фаъолиятҳои ҳассоси ҳастаии худ, ки қобилияти истифода дар тавлиди ҷангафзорҳои ҳастаиро низ дорад, поён бахшад.

Дар ин миён Гуйдо Вестервелл, вазири умури хориҷаи Олмон аз раъйи мусбати Русия ва Чин аз таҳримҳои Шӯрои Амнияти СММ истиқбол карда ва онро нишонаи вуҷуди « рафтори эҳтиётомези бисёре аз тарафҳои даргир» дар бӯҳрони ҳастаии Эрон донистааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG