Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки бо ширкати Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон ҷараён дошт, рӯзи панҷшанбеи 25 ноябр бо имзои эъломияи муштарак дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба поён расид.

Ҳамчунин нахуствазирони СҲШ санадеро дар бораи муқарароти шомил шудан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ба тасвиб расондаанд, ки ба таъкиди дастандаркорон, ин амр роҳро барои ба тадриҷ пайвастан ба ин ниҳод ҳамвор хоҳад кард.

Муродбек Имоналиев, дабири кулли СҲШ зимни натиҷагирӣ аз кори нишасти раҳбарони ҳукуматҳо ба хабарнигорон гуфт: «Нишасти Душанбе фаъолияти даҳсолаи созмонро дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таҳлилу баррасӣ намуда, самтҳои равобити афзалиятноки кишварҳои узвро барои даҳаи оянда мушаххас карданд. Дурнамои фаъолияти СҲШ дар оянда бештар густаришу тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ - тиҷоратӣ, фарҳангӣ, башарӣ масоили амният дар бар хоҳад гирифт».

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо раҳбарони ҳайатҳое, ки ҷиҳати ширкат дар ин нишаст дар Душанбе ҳузур доранд, мулоқот намуд

Ӯ аз ҷумла гуфт, ки мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷудоиталабӣ ва маводи мухаддир ҳамчунон сатмҳои аслии ҳамкории кишварҳои узви СҲШ боқӣ мондааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори афзудани имконоти Маркази зидди террористии СШҲ ба манзури ҳамгунсозии фаъолияти кишварҳои узви ин созмон дар кори мубориза бо зуҳуроти номатбули терроризм, ифортгароӣ ва ҷудоиталабӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кишварҳои узви СҲШ бояд ба сурати ҷиддӣ дар амри барқарории субот ва иқтисоди Афғонистон иқдом намоянд. Ӯ афзуд, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки нерӯҳои байналмилалӣ омодагии худро барои хориҷ шудан аз ин кишвар ва ба дӯши ҳукумати Афғонистон гузаштани таъмини амният эълон кардаанд, бояд ба масъалаи таҳкими марзҳо бо Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард. Ва аз сӯи дигар, ба ҳукумати Афғонистон бояд кӯмаки амлӣ намуд.

Оқои Раҳмон гуфт, кишварҳои узви СҲШ барои анҷоми ин кор ҳама имконоти амалиро дар ихтиёр доранд.

Владимир Путин, сарвазири Русия зимни суханронии худ дар нишасти сарвазирони СҲШ гуфт, ки таҳаввулоти минтақа ва хоса Афғо нистон таваҷҷӯҳи хоси кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхайро талаб мекунад. Ӯ афзуд, ки дар мубориза бо терроризм ва густариши маводи мухаддир кор гирифтан танҳо аз қувва кофӣ нест.

Сарвазири Русия гуфт, СҲШ алоқаманд аст, ки порлумони мунтахаби Қирғизистон битавонад дар амри таъсиси як ҳукумати коромад дар он кишвар муваффақ шавад.

Ботир Хоҷаев, муовини нахуствазири Узбакистон дар ин нишаст ба аҳамияти суръат бахшидан ба иҷрои тарҳҳои коммуникатсионӣ, сохтмони роҳҳои оҳан ва автомобилгард ба манзури истифодаи муассир аз имконоти транзитии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таъкид намуд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Узбакистон хостори густариши ҳамкориҳои бештари иқтисодӣ ва иттиҳодияҳои байнибонкии кишварҳои узви ин созмон аст.

Дар ҳамоиши Душанбе инчунин намояндагони кишварҳои нозир дар Созмони Шанхай назири Эрон, Покистон, Муғулистон ва Ҳинд низ ширкат доранд. Эронро дар ин нишаст Муҳаммад Ризо Раҳимӣ, муовини раисиҷумҳур, Покистонро Ризо Гелонӣ сарвазир, Ҳиндустонро вазири корҳои хориҷӣ - Принит Кор ва Муғулистонро Гомбоҷала Зандамшатар, вазири корҳои хориҷии он кишвар намояндагӣ мекунанд.

Дар нишасти сарвазирони кишварҳои узви СҲШ густариши робитаҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои узв ва масоили амнити минтақаӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад дошт.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG