Пайвандҳои дастрасӣ

Моликӣ дубора сарвазири Ироқ мешавад


Қарор аст, раисиҷумҳури Ироқ Ҷалоли Талабонӣ имрӯз Нурӣ Моликиро барои давраи дуввуми сарвазирӣ пешбарӣ кунад. Ироқиҳо умедворанд, ки бунбасти сиёсие, ки аз интихоботи парлумонии моҳи март ба ин сӯ идома дошт, акнун сар хоҳад омад. Моликӣ барои ташкили кобина 30 рӯз фурсат дорад. Бар асоси тавофуқи рӯзи 10 ноябр, Талабонии курд ва Моликии шиъа мақомҳои худро ҳифз карданд, вале раёсати парлумон ба намояндаи сунниҳо дода шуд.
XS
SM
MD
LG