Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкор шудани як шабакаи террористӣ дар Белгия


Мақомоти Белгия дар пайи амалиёти рӯзи сешанбеи пулис 9 нафарро ба даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ айбдор карданд. 7 тан дар шаҳри Антверпен ба ҳамкорӣ бо шабакае, ки қасди анҷоми ҳамла дар ин кишварро дошта, барои Аморати Қафқоз, як гурӯҳи чирикиҳои чечен, аъзои нав ҷалб мекарданд, айбдор шудаанд. Дар як парвандаи алоҳида ду нафари дигар ба ҳамкорӣ бо як шабакае, ки барои гурӯҳҳои ҷангӣ дар Ироқу Афғонистон пулу афроди нав ҷамъ меовард, айбдор шудаанд.
Рӯзи сешанбе дар амалиётҳои ҳамсон дар Олмону Ҳолланд боз 3 гумонбари дигарро дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG