Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрикову Кореяи ҷанубӣ машқи муштарак доир мекунанд


Амрикову Кореяи ҷанубӣ дар поёни ҳафтаи равон машқҳои муштараки баҳрӣ доир мекунанд. Ин эълон дар пасманзари шиллики тӯпхонаҳои Кореяи шимолӣ ба як ҷазираи Кореяи ҷанубӣсадо дод. Фармондеҳии нирӯҳои Амрико дар Кореяи ҷанубӣ гуфт, тасмими ин машқҳо ҳанӯз қабл аз таниш гирифта шуда буд, вале боз ҳам пойбандии Амрико ба тааҳҳудоташ дар қиболи муттаҳидаш - Кореяи ҷанубиро нишон медиҳад. Сеул мегӯяд, рӯзи сешанбе бар асари ҳамлаи тӯпхонаҳои Кореяи шимолӣ дар ҷазираи Ёнпиёнг 4 нафар, бо шумули 2 сарбоз ва 2 мулкӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG