Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори IMF аз эҳтимоли афзоиши таваррум


Намояндаи Сандуқи байналмилалии пул гуфт, рушди собити иқтисоди Тоҷикистон то поёни соли равон идома хоҳад кард, вале эҳтимоли афзоиши муваққати мизони таваррумро низ набояд сарфи назар кард. Арии Айзен дар Душанбе дар расми муаррифии гузориши нави ин ниҳод дар мавриди дурнамои рушди иқтисоди минтақаҳои Қафқозу Осиёи Марказӣ гуфт, рушди иқтисоди Тоҷикистон имсол 5,5 дарсадро ташкил хоҳад дод, ки назар ба соли гузашта 2 фоиз бештар аст.
Бино ба пешбинии ӯ, мизони рушди иқтисоди кишвар дар соли оянда ҳам тақрибан 5 дарсад хоҳад шуд. Аммо ба гуфтаи ӯ, мизони таваррум то поёни соли ҷорӣпеш аз ҳама ба маҳзи афзоиши нархи маҳсулоти ғизоӣ ба 9 дарсад хоҳад расид ва Бонки миллиро лозим аст, ба манзури пешгирӣ аз афзоиши бештари таваррум иқдом кунад.
XS
SM
MD
LG