Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Амрико ва СММ аз нашри натоиҷ


Амрико ва СММ аз нашри натоиҷи ниҳоии интихоботи рӯзи 18 сентябри парлумони Афғонистон истиқбол карданд.
Натоиҷи ин раъйгирӣ ба далели тӯл кашидани шикоёти расида роҷеъ ба тахаллуфот баъди беш аз 2 моҳ нашр шуд.
Мақомоти интихоботии Афғонистон натоиҷи ниҳоии раъйгирӣ дар 34 ҳавза аз 35 ҳавзаи мавҷударо эълон карда, пирӯзии боз 3 номзади дигарро ботил донистанд. Рӯзи якшанбе дафтари расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ пирӯзии 21 номзадро ботил карда буд. Сафорати Амрико дар Кобул гуфт, куммиссиюни мустақили интихобот ва дафтари расидагӣ ба шикоёт барои баргузории як маъракаи қобили эътимод талоши зиёде ба харҷ доданд.
XS
SM
MD
LG