Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви Думаи давлатӣ таҳти пайгард қарор гирифт


Додситонии кулли Русия вакили Думаи давлатӣ Ашот Егиазариёнро бо иттиҳомоти молӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор дода, дастури боздошти ӯро содир кардааст. Сухангӯи кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин гуфт, ин вакили парлумон ба фасод ба маблағи бузург айбдор мешавад. Маҷлиси поёнии парлумони Русия рӯзи 3 ноябр масунияти вакилии Егиазариёнро лағв кард. Аммо ин соҳибкори 45-сола ба тафтишот нома зада, хабар додааст, ки ӯ феълан дар Амрикост ва ба далоили амниятӣ қасди бозгашт ба Русияро надорад.
Егиазариён раҳбари Бонки миллии Маскав ва аз соли 1999 узви Думаи давлатист. Ӯ дар парлумон аз ҳизби қавмгарои либерал-демократ намояндагӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG