Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи ИМА ва СММ аз натоиҷи интихоботи Афғонистон


ИМА ва Созмони Милали Муттаҳид аз натоиҷи интихоботи парлумонии Афғонистон истиқбол карданд. Сафорати Амрико дар Кобул аз фаъолияти Комиссиюни тафтиши арзу шикоятҳо ситоиш кардааст. Стеффан де Мистура, намояндаи вижаи Дабири куллии СММ дар умури Афғонистон, изҳор намуд, ки Созмони Милал аз эълони натоиҷи интихобот истиқбол мекунад.
Натоиҷи интихоботи парлумонии рӯзи 18 сентябр имрӯз аз сӯи Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон эълон шуд. Фозил Аҳмад Маънавӣ, раиси Комиссиюн гуфт, ки баршумурдани раъйҳо фақат дар яке аз 34 вилоёт – дар вилояти Ғазнӣ ҳанӯз анҷом наёфтааст.
Барои 249 курсии палатаи поёни парлумони Афғонистон дувуним ҳазор довталаб мубориза бурданд. Комиссиюни мустақили интихоботӣ баъди ошкор шудани тақаллубу қонуншиканӣ ваколатҳои 24 номзади қаблан пирӯз эълоншударо лағв кард. Натоиҷи интихобот дар 1153 қитъаи интихоботӣ бекор карда шудааст. Дар маҷмӯъ ба Комиссиюн, ки таҳти сарпарастии СММ фаъолият мекунад, беш аз 6 ҳазор арзу шикоят расидааст.
Бархе аз номзадҳои ноком ва ҷонибдорони норозии онҳо дар Кобул намоишҳои эътирозӣ доир карданд. Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, имрӯз аз онҳо даъват намуд, ки қазияро на аз роҳи амалҳои эътирозиву роҳбандӣ, балки аз тариқи муроҷиат ба додгоҳ ҳал кунанд.
XS
SM
MD
LG