Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи натоиҷи ниҳоии интихоботи парлумонии Афғонистон


Фозил Аҳмад Маънавӣ, раиси комиссияи интихоботии Афғонистон
Фозил Аҳмад Маънавӣ, раиси комиссияи интихоботии Афғонистон

Комиссияи интихоботии Афғонистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи парлумонии моҳи сентябрро эълон кард, ки бар пояи он, раъйдиҳӣ дар яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ аз эътибор соқит дониста шудааст.

Бар асоси ҳамин қарор 24 номзаде, ки тибқи ҳисоби пешакӣ пирӯз эълон шуда буданд, аз курсиҳои вакили мардумӣ маҳрум хоҳанд шуд.


Фасод ва тақаллуб дар интихобот

Ин дувумин интихоботи парлумонии Афғонистон баъд аз фурӯпошии ҳукумати Толибон дар соли 2001-ум буд. Дар давоми ду моҳи ҳисоби овозҳо бо ишора ба фасод ва тақаллуб комиссияи интихоботӣ натиҷаи раъйдиҳӣ дар тахминан чоряки варақаҳои раъйро беэътибор донист.

Фозил Аҳмад Маънавӣ мегӯяд, ки бо сабабҳои фаннӣ ҳисоби овозҳо дар вилояти Ғазнӣ то ҳол идома дорад.

Вале узви дигари комиссияи интихоботи Афғонистон Абдуллоҳ Аҳмадзай иброз дошт, ки ниҳоди нозири интихобот ҳоло ба тасмиме нарасидааст, ки натиҷаҳои Ғазниро мавриди тафтиш қарор диҳад, овоздиҳиро эътироф кунад ё накунад ва ё дар вақти муносиб овоздиҳии нав барпо кунад?


Бо сабабҳои амниятӣ 18-уми сентябр аксари нуқтаҳои раъйдиҳии вилояти Ғазнӣ дарҳои худро боз накарданд. Аз сӯе ҳам маълум шудааст, ки ягон номзади паштун дар ин вилояти пирӯз нашуд.

Дар ҳоле, ки паштунтаборон дар Ғазнӣ аксариятро ташкил медиҳанд, бархӯрд бо Толибон имкон надодааст, ки онҳо дар овоздиҳӣ иштирок намоянд. Хуллас, агар интихобот дар Ғазнӣ шаръӣ дониста шавад, 11 курсиро номзадҳои ҳазора ишғол мекунанд.

Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай, ки худ намояндаи қавми паштун мебошад, мегӯяд, баҳри ҳифзи ваҳдати миллат раъйдиҳии нав дар Ғазнӣ зарур аст.

Шубҳа аз натиҷаҳои интихобот

Дар ин байн додситони кулли Афғонистон Муҳаммад Исҳоқ Алако натиҷаҳои интихоботро мавриди шубҳа қарор дода, афзуд, ки тафтиши фасоду тақаллуб дар интихоботро оғоз намудааст.

Ба қавли Алако натиҷаҳои интихобот дар Дубай ва бозори пули шаҳри Кобул мушаххас шудааст. Алако мегӯяд, агар мақомоти афғон хулосаҳои таҳқиқи фасод дар интихоботро напазиранд, ӯ ба истеъфо меравад.

Додситони кулли Афғонистон меафзояд, ӯ сухангӯёни комиссияи интихоботӣ ва комиссияи таҳқиқи шикоятҳои интихоботиро аз иҷрои вазифа муваақатан барканор кардааст, зеро онҳо ба изҳороти ғайриқобили қабул роҳ додаанд.


Аммо Нур Муҳаммад Нур сухангӯи комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд, агар кадом ниҳоде дар бораи тақаллуб дар интихобот шаҳодате дар даст дорад, тибқи қонун бояд онро дар ихтиёри ҳамин ниҳод қарор диҳад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, собиқ вазири умури хориҷии Афғонистон ва рақиби президенти кунунии Афғонистон дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, мегӯяд, ки беш аз 90 пайрави ӯ соҳиби курсии вакили мардумӣ шудаанд. Ҳоло маълум нест, ки ӯ ба ташкили аксарияти парлумонӣ муваффақ хоҳад шуд ё хайр.

Рӯзи чоршанбе президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай ҳаводорони номзадҳои барканоршударо, ки раҳпаймоҳиои эътирозӣ барпо кардаанд, мавриди интиқод қарор дод.

Номзадҳои барканоршуда ҳақ надоранд мустақиман аз натиҷагирии комиссияи интихоботӣ шикоят кунанд.

Шаҳри Ғазнӣ

Нокомии номзадҳои паштунтабор дар Ғазнӣ

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, собиқ вазири умури хориҷии Афғонистон ва рақиби Ҳомиди Карзай дар интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон

Пирӯзии пайравони Абдуллоҳ Абдуллоҳ

XS
SM
MD
LG