Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай хостори баррасии шикваҳо дар додгоҳ шуд


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, аз номзадҳои ноком дар интихоботи парлумонӣ ва ҷонибдорони онҳо даъват намуд, ки қазияро на аз роҳи амалҳои эътирозиву роҳбандӣ, балки аз тариқи бозрасӣ дар додгоҳ ҳал кунанд.
Имрӯз Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон натоиҷи интихоботи парлумонии рӯзи 18 сентябрро эълон кард. Аҳмад Маънавӣ, раиси Комиссиюн гуфт, ки ин натоиҷро наметавон ниҳоӣ номид, зеро баршумурдани раъйҳо дар яке аз 34 вилоёт – дар вилояти Ғазнӣ ҳанӯз анҷом наёфтааст. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи ӯ, ин маъракаи интихоботӣ муваффақ буд. Барои 249 курсии палатаи поёни парлумони Афғонистон дувуним ҳазор довталаб мубориза бурданд. Аз беш аз 5-у ни миллион баргаҳои раъйдиҳӣ 1 миллиону 300 ҳазораш беэътибор дониста шуданд. Комиссиюни мустақили интихоботӣ баъди ошкор шудани тақаллубу қонуншиканӣ ваколатҳои 24 номзади қаблан пирӯз эълоншударо лағв кард.
Дар маҷмӯъ ба Комиссиюн, ки таҳти сарпарастии СММ фаъолият мекунад, беш аз 6 ҳазор арзу шикоят расидааст. Бархе аз номзадҳои ноком ва ҷонибдорони норозии онҳо дар Кобул намоишҳои эътирозӣ доир карданд.
XS
SM
MD
LG