Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми абади 17 муҷрим дар низоъи байниқавмӣ


Додгоҳи ноҳияи Сӯзаки Қирғизистон 17 нафари муттаҳам дар куштори оммавӣ дар ҷараёни низоъи қавмӣ дар ҷануби кишварро ба ҳабси абад маҳкум кард. Ба иттилоъи намояндаи Додгоҳи олии Қирғизистон, ду нафари дигар 25 соли ояндаро дар чаҳордеҳори маҳбас сипарӣ хоҳад кард. Бар асари задухӯрдҳо миёни ӯзбакҳову қирғизҳо дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон беш аз 400 нафар кушта шуданд.
Дар Бишкек, дар мурофиаи муҷримони куштори 80 тан аз ширкаткунандагони намоиши эътирозии моҳи апрел, ба 8 корманди хадамоти амниятии Қирғизистон айб эълон карда шуд. Аз рӯи ин парванда 28 нафар, аз ҷумла, раисиҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиев, дар куштори оммавӣ айбдор мешаванд.
XS
SM
MD
LG