Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кей: Умеде барои зинда будани ангиштканҳо нест


Мақомоти Зеландияи нав 29 ангиштканеро, ки баъди инфиҷор дар кон боқӣ монда буданд, расман ба ҳалокат расида эълон карданд. Ба гуфтаи Ҷой Кей, сарвазири кишвар, баъд аз инфиҷори дуввум дар кони ангишт ягон умеде барои зинда мондани коргарон боқӣ намондааст: Ба гуфтаи ӯ, "инфиҷори дуввум дар кони Pike River бадтарин интизороти моро собит намуд. 29 нафаре, ки рӯзҳои охир ҳамаи мо ному насаб ва чеҳраҳояшонро шинохтем, аз ин баъд миёни мо нахоҳанд буд". Ҷой Кей афзуд, "ин фоҷиаи миллӣ, фоҷиа барои хонаводаҳои онҳо, барои ҳамкорону дӯстони онҳо, барои мавзеъҳое, ки онҳо мезистанд ва барои ҳама миллат аст".
Инфиҷор дар кони ангишти Pike River рӯзи ҷумъа рӯх дода буд. Дар ин ҳодиса 24 шаҳрванди Зеландияи нав, ду сокини Бритониё, ду сокини Австралия ва як шаҳрванди Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ ба ҳалокат расидаанд. Тафтиши сабабҳои рӯх додани фоҷиа идома дорад.
XS
SM
MD
LG