Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони натоиҷи интихоботи парлумонии Афғонистон


Дар Афғонистон натоиҷи интихоботи парлумонии рӯзи 18 сентябр эълон шуданд. Аҳмад Маънавӣ, раиси Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон имрӯз ба хабарнигорон гуфт, ки ин натоиҷро наметавон ниҳоӣ номид, зеро баршумурдани баргаҳои раъйдиҳӣ дар яке аз 34 вилоёт ҳанӯз анҷом наёфтааст. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи ӯ, ин маъракаи интихоботӣ муваффақ буд.
Барои 249 курсии палатаи поёни парлумони Афғонистон 2,5 ҳазор довталабон мубориза бурданд. Аз беш аз 5-у ним миллион баргаҳои раъйдиҳӣ 1 миллиону 300 ҳазораш беэътибор дониста шуданд. Комиссиюни мустақили интихоботӣ баъди ошкор шудани тақаллубу қонуншиканӣ ваколатҳои 24 номзади қаблан пирӯз эълоншударо лағв кард.
XS
SM
MD
LG