Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ҷасади ду сокини осоишта дар Ёнбен


Дар ҷазираи Ёнбени Кореяи Ҷанубӣ, ки дирӯз мавриди ҳамлаи тӯпхона аз сӯи низомиёни Кореяи Шимолӣ қарор гирифта буд, ҷасади ду сокини осоишта ошкор гардид. Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки дар ин ҳамла ду низомии Кореяи Ҷанубӣ кушта ва 18 нафар низомиёну сокинони осоишта маҷрӯҳ шудаанд.
Имрӯз мақомоти Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА эълон намуданд, ки охири ҳафта тамринҳои муштараки дарёӣ доир хоҳанд кард. Дар тамринҳо киштии бузурги амрикоии “Ҷорҷ Вошингтон” ширкат мекунад. Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар сӯҳбати телефонӣ бо раҳбари Кореяи Ҷанубӣ Ли Мен Бак содиқ мондани Вошингтон ба ӯҳдадориҳояш дар назди Сеулро тайид кард.
Кишварҳои пешрафтаи олам амали Кореяи Шимолиро маҳкум намуданд ва хостори ҳалли мусолиматомези ин низоъ шуданд.

XS
SM
MD
LG