Пайвандҳои дастрасӣ

Расул Боқиев дар даври навбатии “Гран-при” ноком шуд


Расул Боқиев, паҳлавони тоҷик, 23-юми ноябр, дар яке аз даврҳои мусобиқоти байнулмилалии дзю-до бо номи «Гран-при» дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб ноком шуд.

Худойназар Боқиев, падар ва мураббии аввали Расул Боқиев, ба радиои Озодӣ гуфт, Расул дар вазни то 73 килограмм нахуст бар рақибаш Ҷиованни Ди Кристо, аз Итолиё, ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ аз гуштигири ҳолландӣ Декс Элмонт, ки баъдан барандаи медали биринҷӣ шуд, шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқот маҳрум гашт.

Мансур Исоев (Русия), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Владимир Сорока (Укроин) дастболо шуд, дар вазни то 73 кг ғолиб шуд.

Натоиҷи ду рӯзи мусобиқоти «Гран-при»

Мардон. Вазни то 60 кг. 1. Беслан Мудранов. 2. Арсен Галстян (ҳарду – Русия). 3. Ованес Давтян (Арманистон) ва Болдбаатар Чимед-Йолдон (Муғулистон). То 66 кг. 1. Мусо Могушков. 2. Алим Гаданов (ҳарду – Русия). 3. Сергей Дребот (Укроин) ва Улуғбек Норқобилов (Узбакистон). То 73 кг. 1. Мансур Исоев (Русия). 2. Владимир Сорока (Укроин). 3. Никлас Делпополо (ИМА) ва Декс Элмонт (Ҳолланд). То 81 кг. 1. Свен Мареш (Олмон). 2. Аляш Седеи (Словения). 3. Виталий Дудчик ва Артём Василенко (ҳарду – Укроин).

Занон. Вазни то 48 кг. 1. Алина Думитру (Руминия). 2. Людмила Богданова (Русия). 3. Аврора Клименс ва Летисия Паэт (ҳарду – Фаронса). То 52 кг. 1. Жоана Рамос (Португол). 2. Эрика Миранда (Бразил). 3. Ана Карраскоса (Испания) ва Марта Кубан (Лаҳистон). То 57 кг. 1. Сабрина Филтсмозер (Австрия). 2. Ҷулия Квинтавале (Италия). 3. Юлиетта Букувала (Юнон) и Корина Каприориу (Руминия). То 63 кг. 1. Сю Юхуа (Чин). 2. Кларисса Абежнену (Фаронса). 3. Ҳилде Дрекслер (Австрия) ва Яхайра Агуирре де Хуан (Испания). То 70 кг. 1. Раса Срака (Словения). 2. Сесилия Бланко (Испания). 3. Эдит Бош (Голландия) ва Ҷулиана Кобра (Швейтсария).

Дар ин мусобиқот, ки байни мардону занон сурат гирифтааст ва яке аз даврҳои “Гран-при” маҳсуб мешавад, 291 варзишгар (187 мард ва 104 зан) аз 54 кишвар ширкат доранд.

Рӯзи охирини мусобиқот, 24-уми ноябр, мардон дар се вазн – 90, 100 ва беш аз 100 кг ва занон дар ду вазн – 78 ва беш аз 78 кг рақобат мекунанд.

Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро танҳо як варзишгар – Расул Боқиев, барандаи медалҳои биринҷии Олимпиадаи Пекин ва Бозиҳои XVI осиёӣ, намояндагӣ кард.

Маблағи ҷавоизи мусобиқот 200 ҳазор доллари амрикоист. Варзишгарон, инчунин, барои дарёфти имтиёзҳои феҳраст ё рейтинги ҷаҳонии дзю-до талош хоҳанд кард. Ба ғолиб 200 имтиёз, барои ҷои дуввум 120 ва барои ҷои севум 80 имтиёз дода хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG