Пайвандҳои дастрасӣ

Нишони севвуми Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё


Тими Тоҷикистон дар мусобиқоти Бозиҳои 16-уми Осиё дар Гуанҷоуи Чин соҳиби боз як нишони биринҷӣ шуд.
Ин нишонро барои Тоҷикистон гуштигир Мурод Тӯйчиев овард. Ӯ дар сабқати гуштии юнонӣ дар вазни 120 кило бар ду ҳарифаш баранда шуда ва танҳо бо як бохт сазовори ҷойи севвум ва нишони биринҷӣ шуд. Тими Тоҷикистон то имрӯз дар Бозиҳои Осиё 3 медал – як тило ва ду биринҷӣ ба даст овардааст. Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо 62 варзишкор дар 16 навъи варзиш намояндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG