Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози чоруми сокинони Ҳушёрӣ дар моҳи равон


Дирӯз як гурӯҳи сокинони ҷамоати Ҳушёрии ноҳияи Варзоб дар назди дарвозаи ширкати IRS, масъули ҷамъоварии пули роҳи Душанбе-Хуҷанд тазоҳуроти эътирозӣ доир карданд, вале мақомоти амниятӣ онҳоро иҷозат надоданд, ки шиорҳои худро баланд кунанд. Шамсиддин, яке аз эътирозгарон ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо мехоҳанд чунин як раҳпаймоиро дар назди Кохи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ташкил кунанд.
Яке аз дарвозаҳои ширкати IRS дар байни рустои Ҳушёрӣ гузошта шудааст ва сокинон маҷбуранд ҳар дафъа барои убур аз ин дарвоза ҳаққи роҳро пардохт кунанд.
Шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд - Чаноқ аз 1 апрел пулакӣ шуд.
XS
SM
MD
LG