Пайвандҳои дастрасӣ

Сеулу Пхенян ҳамдигарро айбдор мекунанд


Кореяи ҷанубӣ мегӯяд, ки дирӯз Кореяи шимолӣ болои як ҷазираи воқеъ дар наздикии марзи баҳсии ду кишвар даҳҳо тири тӯпхона шиллик кард, ки дар натиҷа 2 сарбози Кореяи ҷануобӣ кушта ва беш аз 10 тани дигар, бо шумули афроди ғайринизомӣ маҷрӯҳ шуданд. Сеул инро “ҳамлаи барномарезишуда” номид. Аммо Кореяи шимолӣ баръакс ҷониби дигарро дар шурӯъи тирандозӣ айбдор карда гуфт, танҳо дар посух маҷбур ба иқдоми низомӣ шудааст. Амрико ҳамлаи тӯпхонаии Кореяи шимолиро шадидан маҳкум кард ва гуфт, ба тааҳҳуди худ ҷиҳати ҳимоят аз Кореяи ҷанубӣ содиқ мемонад. Чину Русия алайҳи ташаннуҷи бештари вазъ дар нимқораи Корея ҳушдор додаанд.
XS
SM
MD
LG