Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи сулҳ бо фармондеҳи ҷаълии Толибон


Бархе манобеъ ҳатто дар бораи ба дидори раисиҷумҳури Афғонистон расидани ин фиребкор хабар додаанд, вале Ҳомиди Карзай рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гузоришҳои нашршуда дар матбуоти Амрико дар бораи мулоқоти ӯ бо нафареро, ки худро як раҳбари аршади Толибон муаррифӣ мекард, радд кард.

Бино ба гузориши рӯзномаи амрикоии “The New York Times” марде, ки худро Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур, яке аз фармондеҳони аршади Толибон муаррифӣ мекард ва аз номи ин гурӯҳи чирикӣ бо мақомоти НАТО ва давлати Афғонистон ҳатто вориди музокироти сулҳ шуда буд, дар асл фиребгар будааст. Рӯзномаи дигари амрикоӣ - “The Washington Post” навишт, ки ин нафар дар асл дӯкондоре аз шаҳри Кувейтаи Покистон будааст.

Мақомоти НАТО ва давлати Афғонистон ба “The New York Times” гуфтаанд, ки онҳо бо ин раҳбари ҷаълии Толибон 3 дафъа мулоқот кардаанд ва сипас ӯ тавассути як ҳавопаймои НАТО барои мулоқот бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ба Кобул бурда шуд. Аммо Ҳомиди Карзай дар нишасти хабариаш бо бархе аз намояндагони аршади Толибон вориди гуфтугӯву музокирот шудани Кобулро эътироф кард, вале гуфт, ки ӯ бо Мулло Мансур аслан мулоқот накардааст.

Бо ин ҳол, як дипломатӣ ғарбӣ дар Кобул, ки гӯё бо ин шахс мулоқот ҳам кардааст, ба “The New York Times” гуфта, ки ин нафаре, ки худро фармондеҳи аршади Толибон Мулло Мансур муаррифӣ мекард, дар асли аз Покистон омада, барои ширкаташ дар музокирот “маблағи бузурге” ҳам дарёфт кардааст. Як мақоми афғон гуфтааст, ин нафарро шояд ISI,Ожонси иктишофии Покистон фиристода бошад.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи чандин моҳи талошҳо барои роҳандозии музокироти сулҳ бо Толибон хабари бо як фармондеҳи аршади ин гурӯҳ пушти мизи гуфтугӯ нишасти намояндагони паймони низомии НАТО ва давлати Афғонистон умедвориҳо ба хатми хушунатҳо ва оғози раванди сулҳи байни Кобул ва чирикиҳои толибро зинда кард. Умедворие, ки бо як нафари фиребгару корчаллон маълум шудани ин нафари музокиракунанда низ дигарбора замин шуд.

Мақомоти амрикоӣ ҳам ахиран эътироф карданд, ки дар мавриди ҳуввияти ин нафар фиреб хӯрдаанд ва ӯ Мулло Мансур набудааст.

Бо ин ҳол, хабаргузории Ройтерс аз қавли мақомоти Амрикову Афғонистон ва НАТО навишт, ки талошҳо барои роҳандозии музокирот бо Толибон тақрибан 2 сол ба ин сӯ идома дорад, вале то ҳол дар мароҳили ибтидоӣ қарор доштааст. Намояндаи хоси Барак Обама дар умури Афғонистону Покистон Ричард Ҳолбрук, намояндаи мулкии НАТО дар Кобул Марк Сидвел ва мушовири Ҳомиди Карзай дар умури сулҳу оштии миллӣ Муҳаммадмаъсуми Станакзай дар ин маврид сӯҳбат кардааанд. Вале онҳо мегӯянд, то кунун дар гуфтугӯҳои суратгирифта дар бора кадом оташбас ваё шароити чунин кор тавофуқ ба даст наомадааст, балкӣ тамосҳо бо намояндагони Толибон бештар ба сурати пароканда пеш меравад.

Ин дар ҳолест, ки Толибон пешниҳоди музокироти сулҳ бо давлати кунунии Афғонистонро радд карда, гуфтаанд, то замони хуруҷи комили нирӯҳои хориҷӣ пушти мизи музокирот нахоҳанд нишаст. Аммо қаблан ҳам дар бораи ба гуфтугӯ бо Кобул майл нишон додани бархе аз фармондеҳони зинаи миёна ва поёнии ин гурӯҳ гузоришҳо ба даст мерасид. Ва ҳанӯз дақиқ нашуда, ки дар асл ин намояндаи ҷаълии Толибон танҳо мехост бо корчаллонӣ аз раванди сулҳи Афғонистон фоидаи молие барои худ ба даст биорад ваё нафарест, ки Мулло Мансур барои озмоиш фиристодааст. Ба бовари нозирони умур, дар сурати дар мароҳили баъдии музокирот дигарбора рӯ задани ин нафар ваё Мулло Мансури воқеъӣ метавон натиҷагирӣ кард, ки оё ба бозӣ кашидани қартаи Мулло Мансур қаллобӣ буд ё корсозии шахси ӯ ба хотири ҳамвор кардани роҳ барои мушорикатҳои ояндааш дар раванди мусолиҳаи байни давлат ва Толибон.

Дар ҳар сурат, Ҳомиди Карзай рӯзи сешанбе дар нишасти хабариаш дар Кобул даъват кард, то чунин навъ, ба гуфтаи ӯ, “таблиғот”-ро, ки аз матбуоти хориҷӣ меояд, қабул накунанд.
XS
SM
MD
LG