Пайвандҳои дастрасӣ

Субҳи рӯзи сешанбе даҳҳо сокини деҳкадаи Ҳӯшёрии ноҳияи Варзоб дубора алайҳи гузаргоҳи пулакӣ эътироз карданд. Ба фарқ аз эътирозҳои қаблӣ, ин сафар мардум бо омодагии комил ва бо шиору даъватҳои “Мушкили моро осон кунед!” ба майдон баромаданд.

Тазоҳуркунандагон дар рӯ ба рӯи дурбин ва микрофонҳои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ ширкати IRS–ро ба ваъдахилофӣ муттаҳам карданд ва гуфтанд, то замоне ин ширкат гузаргоҳи пулакиро аз деҳа берун накунад, мардум аз тазоҳурот даст нахоҳанд кашид.

Ширкати IRS , ки худро як ширкати Бритониёӣ муаррифӣ мекунад ва хидматрасонии фаннии роҳи Душанбе-Чанакро бар дӯш дорад, бо вуҷуди мулоқотҳои ба такрор бо мардуми деҳкадаи Ҳушёрӣ забон наёфтааст.

Дар ҳоле, ки ронандаҳои мошинҳои боркаш ва сабукрав ба ногузир будани пардохти маблағ дар роҳи пулакӣ сар фуровардаанд, мардуми деҳкадаи Ҳушёрӣ мегӯянд аз ҳар рафту омад тавассути ин гузаргоҳ, ки деҳаи онҳоро убур мекунад, хисороти молӣ мебинанд.

Кумакхоҳии мардум аз раисиҷумҳур

Шамсиддин, як нафар аз сокинони Ҳушёрӣ, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки мардум ин навбат тасмими ҷиддӣ гирифтаанд ва мехоҳанд бо баргузории ҳамоишҳои густурда мушкилоти худро мустақиман ба раисиҷумҳур бирасонанд. Дар шиор ва овезаҳои тазоҳургарон дархости кумак аз раисиҷуҳмур ба назар мерасид.

Шамсидин мегӯяд, ки чандин мулоқоти машваратии мардуми Ҳушёрӣ бо намояндагони ширкати IRS, ки зоҳиран умедворкунанда буданд, билохира бенатиҷа анҷом шудааст.

Ӯ мегӯяд: «Мо бори 10-ум аст, ки ҷамъ меоем, вале касе ба доди мо намерасад”.



Як нафари дигар аз эътирозгарон мегӯяд: «Ин роҳро дар замони шӯравӣ мо бо ҳамин дастонамон сохтем, имрӯз ки 80-сола шудем, роҳро пулакӣ карданд, каме ранг карда».

Сокинони Ҳушёри ин навбат ошкоро гуфтанд, ки дигар ба ваъдаҳои ширкати IRS бовар надоранд ва ягона роҳи ҳалли масъаларо дар дахолати раисиҷумҳур ба қазия мебинанд.

Ваъдахилофиҳои IRS

Ширкати IRS дар вохӯриҳои қаблӣ ба сокинон ваъда дода буд, ки қимати пули роҳро аз гузаргоҳи аввали даромадгоҳи ноҳияи Варзоб то гузаргоҳи дуввум, ки дар байни ҷамоати Ҳушёрӣ воқеъ аст, аз 6 сомонӣ ба 3 сомони пойин меорад. Аммо сокинони Ҳушёрӣ мегӯянд, ки ин ваъда иҷро нашудааст.

Ба издиҳоми сокинони Ҳӯшёрӣ ронандаҳои раҳгузар низ ҳамраъйӣ нишон доданд ва ба хабарнигорон гуфтанд, ки убури роҳи пулакӣ ба буҷаи ночизи онҳо зарба зада ва ба ҷустуҷӯи пешаи дигар водор кардааст. Як ронандагони мошини боркаш, ки нахост номаш гуфта шавад, дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ гуфт, ки то ба деҳаи Зидӣ рафтан ва аз плазаи дуввум гузаштан 48 сомонӣ пардохт мекунад.

Ҳангоми бозгашт ҳам бояд боз 48 сомонии дигар бидиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин ронанда, аксар ҳамкасбони ӯ дар рӯз ин роҳро бояд якчанд дафъа убур кунанд. “Вазъияти мо хеле вазнин шуд”- мегӯяд ӯ.



Дар ҳоле, ки бошандагони Ҳушёрӣ алайҳи IRS шиор мепартофтанд ва аз раисиҷумҳур кӯмак мехостанд, кормандони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии кишвар аз онҳо чашм намеканданд.

Шӯъбаи амният: "Шиорбардорӣ лозим нест"

Ба суоли мо дар мавриди он, ки таваҷҷӯҳи мақомоти амниятӣ ба тазоҳурот аз чӣ хотир аст, сардори шӯъбаи амниятии ноҳияи Варзоб Шарифҷон Набиев гуфт, ҳузури онҳо дар ин таҷаммӯъ танҳо ба хотири таъмини амнияти мардум аст, ки агар мабодо ҳодисае шавад онҳо тавонанд ба кумаки ниёзмандон бирасанд.

Аммо ба суоли дигар мо, ки чаро ба мардум иҷоза намедиҳанд, ки то аз шиору овезаҳо истифода кунанд, ҷаноби Набиев гуфт: “Ҳар як кор бояд дар асоси қонун бояд пиёда шавад. Шиорбардорӣ лозим нест. Мақомоти маҳаллӣ аз фикру ақидаҳои мардуми ҷамъомада хабар доранд ва ҳоҷати шиорбардорӣ нест".



Абдусаттор Саидов, муовини раиси ноҳияи Варзоб, ки низ барои гуфтушунид бо мардум дар майдон қарор дошт, ба Озодӣ гуфт, ҳукумати ноҳия барои ҳалли қазияи гузаргоҳи пулакӣ аз тамоми чораҳо кор мегирад.

Дар ҳоле, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ, амният, намояндагони ҳукумати ноҳияи Варзоб бо ваъдаи ҳалли ҳарчи зудтари қазия аз мардум даъват карданд, ки хона ба хона раванд, вале сокинон мегуфтанд ки аз ваъдахилофиҳо хаста шудаанд ва баҳси роҳи пулакиро акнун дар назди кохи раисиҷумҳур баррасӣ хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG