Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури ҳабси писари президенти пешини Эрон содир шудааст


Бино бар хабари радиои давлатии Эрон, дар ин кишвар дастури ҳабси писари яке аз сарони мухолифон, президенти пешин Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ содир шудааст. Мақомоти додситонӣ Маҳдии Ҳошимиро дар ташкили нооромиҳои пасоинтихоботии соли 2009 айбдор мекунанд. Ҳошимӣ аз тобистони соли 2009 дар Британия ба сар мебарад ва додситонҳо гуфтаанд, ба маҳзи бозгашташ ба Эрон вай ба ҳасб гирифта хоҳад шуд. Нооромиҳои пасоинтихоботии Эрон дар ҳоле сар заданд, ки мухолифон бо эътироз аз тақаллуб дар шумориши оро даст ба тазоҳурот заданд.
XS
SM
MD
LG