Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ва Русия корбурди долларро маҳдуд мекунанд


Мулоқоти Путин ва Ҷябао дар Петербург, 23-юми ноябри соли 2010.
Мулоқоти Путин ва Ҷябао дар Петербург, 23-юми ноябри соли 2010.
Сарвазири Русия, Владимир Путин, гуфт, Русия ва Чин ба созиш расиданд, ки истифода аз пули миллии ду кишварро дар тиҷорати дуҷониба афзоиш диҳанд. Баъд аз мулоқоти Путин ва сарвазири Чин Вен Ҷябао, имрӯз Путин гуфт сар аз моҳи оянда Русия ба тиҷорати юан дар бозори арзи Маскав иҷоза медиҳад. Чин аллакай ба тиҷорат бо юан дар баробари рубл дар бозорҳои байнибонкӣ иҷоза додааст. То ин вақт ду кишвар муомилоти худро асосан бо доллари амрикоӣ анҷом медоданд. Дар ин мулоқот ҳамчунин Русия ба бунёди ду реактор барои нерӯгоҳи ҳастаии Тянвани Чин мувофиқат кардааст.
XS
SM
MD
LG