Пайвандҳои дастрасӣ

Тавсеаи ҳамкориҳои энержӣ аз мавзӯъҳои меҳварии иҷлоси Комиссиюни муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Қазоқистон дар Душанбе шаҳр буд, ки рӯзи сешанбе баргузор шуд.

Ин ҳамкориҳо ба бахши сохтмони нерӯгоҳ ва хатҳои интиқоли барқ робита дорад, ки тавъам ба ниёзи Тоҷикистон ба воридоти нерӯи барқ аз кишварҳои ҳамсоя аст.

Тарҳи нав барои се кишвар минтақа

Анатолий Дерновой, дабири масъули вазорати ҳифзи муҳити зист ва ҳамраиси Комиссиюни муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Қазоқистон, гуфт, дар ин иҷлос масъалаи сохтмони хатти баландшиддати 500-киловолтии Хуҷанд-Дашка-Кемин-Алмаато мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ӯ афзуд: "Ин тарҳ бо ибтикори се кишвар – Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон сохта хоҳад шуд ва он имкон хоҳад дод, нерӯи барқ аз кишварҳои Қирғизистон ва Қазоқистон ба Тоҷикистон интиқол дода шавад. Дар бораи сохтмони он бояд раҳбарони ин се кишвар тасмим бигиранд ва тавофуқ кунанд, ки барои Тоҷикистон як барномаи мушкилкушо ва муфиде хоҳад буд».

Ҳамчунин ҷаноби Дерновой дар посух ба суоли радиои Озодӣ, ки ба чӣ далел мақомоти Қазоқистон дар чорчӯби Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба мушкилоти транзити колоҳо ба Тоҷикистон аз тариқи Узбакистон расидагӣ намекунад, гуфт, ки Қазоқистон ба унвони раиси ин созмон ба ҳалли масоили минтақаӣ талош хоҳад кард.

Ӯ гуфт: «Ба назари ман, мушкилоте, ки дар мавриди бахши энержӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, дар чорчӯби фаъолияти САҲА баррасӣ ва ба нафъи Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд».

Таъсиси фонди муштараки сармоягузорӣ

Ҷуз қарори иҷлоси ин комиссиюн, ки ҳамкориҳо дар бахши кашфу истихроҷи нафту газ, ҳамкорӣ дар бахши саноати кӯҳӣ ва маодин, ҳамчунин ташкили корхонаҳои муштараки тавлидӣ, аз қабили корхонаҳои консерви шарбати мева ва коркарди алюминиюмро дар бар мегирад, чизи муҳиме, ки дар ин иҷлос матраҳ буд, ин ташкили фонди муштараки сармоягузории Қазоқистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбест.

Интизор меравад фардо муаррифии ин фонд баргузор шавад ва имкон дорад нахуствазири Қазоқистон дар ин нишаст ширкат кунад.

Давлаталӣ Саидов, раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва ҳамраиси комиссиюни муштараки байнидавлатӣ, дар бораи ин фонд гуфт: «Сармояи муштараки аввалияи ин фонд ҳудуди 80 миллион доллари амрикоист ва ин сармояҳо барои иҷрои барномаҳои инвеститсионии давлатӣ дар Тоҷикистон истифода хоҳад шуд. Ба хусус иҷрои барномаҳое, ки бахши хусусӣ пешниҳод мекунад».

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Саидов, табодули коло миёни ду кишвар 189 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад, ки бо дар назар гирифтани тавони ду кишвар, андак аст.

Тақозои лағви боҷ барои гази моеъ

Ҳамчунин дар ин комиссиюн аз ҷониби Тоҷикистон тақозо шудааст, ки Қазоқистон боҷи давлатии роҳандозикарда дар воридоти гази моеъ ба Тоҷикистонро лағв кунад. Дар ҳоле ки 97 дарсади гази моеи ниёзи Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мешавад.

Қарор аст, рӯзи чоршанбе ҳамоиши тоҷирони қазоқистонӣ ва тоҷикистонӣ дар Душанбешарҳр баргузор шавад, ки онро нахуствазири Қазоқистон ифтитоҳ хоҳад кард. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, интизор меравад, дар ҷараёни ин ҳамоиш қарордодҳои ҳамкорӣ миёни тоҷирони ду кишвар ба имзо расад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG