Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷоти ангиштдузд пас аз се шаби асорати зеризаминӣ


Наҷотбахшони Вазорати умури изтирории Қирғизистон пас аз се шабонарӯзи асорати зеризаминӣ як марди 46-соларо аз як кони ангишт дар вилояти Бодканд наҷот доданд. Колдош Темирбеков замоне ба асорат афтод, ки сутунҳои кӯҳнаи кони матрук фурӯ рафтанд. Аммо акнун ӯ бо таҳқиқи ҷиноӣ рӯбарӯ хоҳад буд, зеро вуруд ба ин кони басташуда мамнӯъст. Бо вуҷуди ин аҳолии деҳаҳои атроф аз кони матрук барои худ ангишт мекандаанд.
XS
SM
MD
LG