Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди кушташудагони ҷашни оби Камбоҷа ба 380 нафар расид


Наздик ба 380 нафар дар ҷашнвораи об дар Камбоҷа зери по монда, ба ҳалокат расиданд ва тақрибан ҳамин теъдод аз мардум захмӣ шудаанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, баъд аз он ки чанд нафарро дар рӯи пули оҳанӣ барқ зад, дигарон бо воҳима фирор ва ҳамдигарро зери по карданд. Телевизиони давлатии Камбоҷа мегӯяд, 250 нафар аз мақтулон занон будаанд. Сарвазир Ҳун Сен ин воқеаро бузургтарин фоҷиа дар 30 соли охири пас аз ҳукумати диктатории Пол Пот номид.
XS
SM
MD
LG