Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши шумораи мубталоёни нави HIV/AIDS дар ҷаҳон


Созмони Милал имрӯз аз коҳиши сирояти ангали HIV/AIDS ва фавти камтари беморони СПИД дар ҷаҳон хабар дод, аммо гуфт, миллионҳо нафар ҳамоно аз пешрафт дар ҷилавгирӣ ва муолиҷаи ин беморӣ маҳруманд. Бино ба ин хабар, теъдоди сироятдидагони нав дар байни солҳои 2004 то 2009 ба андозаи 19 дарсад коҳиш ёфта, 1 миллиону 800 ҳазор нафар аз ин беморӣ фавтиданд, дар ҳоле ки дар соли 2004 2 миллиону 100 ҳазор нафар аз СПИД ба ҳалокат расидаанд. Ва дар ҳоле ки Саҳрои Кабири Африқо ба ҳайси маркази беморӣ боқӣ мемонад, дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ афзоиши бесобиқаи гирифторони ангали HIV/AIDS ба мушоҳида мерасад.
XS
SM
MD
LG