Пайвандҳои дастрасӣ

Шахсе ҳамчун раҳбари Толибон бо Карзай мулоқот кардааст


Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, хабарҳои матбуоти Амрикоро дар бораи он ки гӯё вай бо яке аз раҳбарони олии Толибон мулоқот доштааст, рад кард. Бино бар хабари рӯзномаи Ню Йорк Таймс шахсе, ки худро Мулло Ахтармуҳаммади Мансур, яке аз баландпоятарин фармондеҳони Толибон номидааст, дар асл як қаллоб ва сабзифурӯши бозори Кветтаи Покистон будааст. Мақомоти НАТО ва давлати Афғонистон гуфтаанд, бо ин раҳбари тақаллубии толибҳо се бор мулоқот карда, сипас ӯро бо ҳавопаймои НАТО барои мулоқотбо Карзай ба Кобул овардаанд. Як дипломати ғарбӣ ба Ню Йорк Таймс гуфтааст, ба ин мард, ки аз Покистон ба Кобул сафар кард, барои ризояташ ба мулоқот бо Карзай "пули зиёд" дода шудааст. Як мақоми афғон гуфт, мумкин аст, ин мард аз тарафи хадамоти ҷосусии Покистон, АйСиАй фиристода шуда бошад. Карзай имрӯз дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, "таблиғот"-и матбуоти хориҷиро ҷиддӣ нагиранд.
XS
SM
MD
LG