Пайвандҳои дастрасӣ

Муродҷон Тӯйчиев, варзишгари тоҷик, дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар Чин дар сабқати гуштии юнониву румӣ барандаи медали биринҷӣ гардид. Ин саввумин нишони Тоҷикистон дар ин мусобиқот мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 3 медал – 1 тилло ва 2 биринҷӣ дар мақоми 24-ум қарор гирифтааст.

Муродҷон Тӯйчиеви 28-сола, ки қадаш 1 метру 93 сантиметр аст, дар рақобатҳо дар вазни 120 кг дар чаҳорякфинал бар Ҳодӣ Аоун (Лубнон) дастболо шуд, вале дар нимфинал аз Дели Лиу (Чин) мағлуб гашт. Баъдан паҳлавони тоҷик барои дарёфти медали биринҷӣ бар Ханӣ Марофӣ (Урдун) ғолиб омад ва мақоми саввумро касб кард.

Мизбонон - варзишгарони Чин, ки то ҳоло ҳамагӣ 320 медал, аз он ҷумла 162 нишони тилло ба даст овардаанд, дар ҷои аввал мебошанд.

Варзишгарони Куриёи Ҷанубӣ бо 192 медал, минҷумла, 63 нишони тилло дар ҷои дуввум ва ҷопониҳо бо 160 медал, аз ҷумла 32 нишони тилло дар ҷои саввум қарор гирифтаанд.



Умуман, то ҳоло варзишгарони 34 кишвар соҳиби медалҳои Бозиҳои XVI осиёӣ гардидаанд ва намояндагони 24 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд.

Тоҷикистон пас аз Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон ҷой гирифтааст. Қазоқистон бо 43 медал, аз ҷумла 6 тилло дар ҷои 9-ум, Узбакистон бо 33 медал, аз ҷумла 4 нишони тилло дар ҷои 12-ум ва Қирғизистон бо 4 медал – 1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷои 19-ум мебошанд. Вале Туркманистон то ҳоло медал нагирифтааст.

Ёдовар мешавем, нахуст паҳлавони тоҷик Расул Боқиев дар ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ нахустин медалро барои Тоҷикистон дар риштаи дзю-до овард. Сипас вазишгари дигари тоҷик Дилшод Назаров дар сабқати гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 44 сантиметр соҳиби ҷойи аввал ва нишони тиллои Бозиҳои XVI осиёӣ шуд.

Муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта, ҳадди ақал бо нишони биринҷӣ сарфароз хоҳад шуд, шоми чоршанбеи 24-уми ноябр дар сабқати бокс дар вазни 91 кило бо муштзани Ҳиндустон Манприт Сингҳ барои ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан рақобат хоҳад кард. Қувваозмоии дигари ниманиҳоӣ миёни Алӣ Мазаҳерии эронӣ ва Муҳаммад Госоюни суриягӣ сурат мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG