Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи афзоиши салоҳияти Омбудсмени Тоҷикистон


Баррасии нақши Омбудсмен дар Тоҷикистон
Баррасии нақши Омбудсмен дар Тоҷикистон

Омбудсмени Тоҷикистон барои касби салоҳияти бештар дар фаъолияти худ як тарҳро ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардаааст. Масъулини ин ниҳоди тозатаъсиси Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир фаъолияти онҳо бо додани машварати ҳуқуқӣ ба ниёзмандон маҳдуд аст.

Ба қавли Ҳусниддин Нидоев, муовини аввали Омбудсмени Тоҷикистон, ҳоло Омбудсмен ҳаққи баррасии парванда ва хондану ошноӣ бо нукоти парвандаҳои шаҳрвандӣ ва ҷиноиро надоранд. Аз ин рӯ Омбудсмен лозим шуморидааст, ки салоҳиятҳои бештар ба ӯ дода шавад ва фаъолияти он дар ҷомеа ва дар амри дифои ҳуқуқи шаҳрвандони ниёзманд, муассиртар бошад.

Ҳуқуқшинос: "Омбудсмен ҷуръат надорад"

Аммо ҳуқуқшиноси тоҷик Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, қонун дар бораи «Ваколатдори ҳуқуқи инсон» замоне, ки дар парлумони Тоҷикистон пазируфта шуд, ҳамаи ҳуқуқу ваколатҳое, ки ваколатдори дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар чаҳорчӯби талаботи Омбудсмен дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад, дар он иъикоси худро ёфтааст.

Ӯ гуфт: «Аксари қонунҳои Омбудсмени Тоҷикистонро мутолиа кардаам ва фарқи қонуни Тоҷикистон аз дигар қонунҳо дар он аст, ки ба омбудсменӣ салоҳияту имконоти бештар додааст, вале Омбудсмен ҷуръат надорад ва ба масъалаҳо фаъол расидагӣ намекунад».

Сокинони кишвар низ дар сӯҳбат ба рӯзноманигорон аз камфаъолиятии Омбудсмени Тоҷикистон таъкид кардаанд. Сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод Атовулло Рақибов ба радиои Озодӣ гуфт, барои дифоъ аз замину манзили худ, ки аз тарафи мақомоти ноҳия таҳдид мешавад, борҳо ба Обудсмен муроҷиат кардааст, вале ҳеҷ натиҷа надодааст. Ба қавли сокинони навоҳӣ, вақте, ки мардуми ниёзманд аз роҳи дур ба хотири кӯмаки Омбудсман ба пойтахт меоянд, ночор пас мегарданд.

Фаъолияти номуассири Омбудсмен

Аз фаъолияти Омбудсмен дар Тоҷикистон ба унвони ваколатдори дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон беш аз як сол мегузарад, вале фаъолияти он ҳамчунон номуассир боқӣ мондааст. Ба қавли ҳуқуқшиносони Тоҷикистон, ин ниҳоди ваколатдор ҳоло ба як машваратхонаи ҳуқуқӣ табдил шудааст.

Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшиноси дигари тоҷик, ба ин назар аст, ки муассир набудани ин ниҳод бастагӣ ба он дорад, ки Омбудсмен дар Тоҷикистон дар назди ҳукумати Тоҷикистон, яъне дар назди президенти кишвар таъсис дода шудааст. Ҳатто масъалаи таъмини молии ин ниҳод метавонад онро водор кунад, ки дар баррасиии парвандаҳои марбут ба амалҳои органҳои давлатӣ дар шаҳру навоҳӣ маъсусан худдорӣ кунад.

Ӯ гуфт: «Агар Омбдусмен ба пуррагӣ ваколатҳои худ ва салоҳиятҳои хешро иҷро кунад ва дар баҳсҳо бо мақомоти давлатӣ расидагии ҷиддӣ кунад ва аз тарафи давлат дар тақсими буҷа барои фаъолияти кормандон сарфи назар карда мешавад. Ин вобастагӣ то ҳадде садди роҳи расидагии фаъоли ин институт мешавад».

Як сол қабл, замоне, ки дар парлумони Тоҷикистон Қонун дар бораи ваколатдори ҳуқуқи инсон, яъне Омбудсмен баррасӣ мешуд, бархе аз вакилони мардумӣ пешниҳод карда буданд, ки Омбудсмен дар назди парлумон Тоҷикистон таъсис дода шавад ва вобастагӣ ба ҳеҷ тарафро надошта бошад.

Кабирӣ: "Омбудсмен бояд боҷуръат бошад"

Муҳиддин Кабирӣ, вакили маҷлиси Намояндагон ва раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳақиқат теъдоде аз вакилони мардумӣ ҳангоми баррасии тарзи қонуни Омбудсмен чунин пешниҳод карда буданд, вале ин пешниҳод қабул нашуд. Оқои Кабирӣ меафзояд, ба ҳар сурат ин дар назди кадом ниҳод фаъол будани Омбудсмен ҳалли масъала нест, агар он фаъолияти боҷуръат надошта бошад.

Дар Русия Обудсмен дар назди раиси ҷумҳури ин кишвар фаъолият мекунад, вале дар баҳсҳои додгоҳӣ бо макомоти давлатӣ, дар амри пуштибонӣ аз ҳуқуқи инсон ҷиддӣ расидагӣ карда мунсифона амал мекунад.

Аввалин Омбудсмени Тоҷикистон

Зариф Ализода 27-уми майи соли 2009 ба ҳайси аввалин Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба кор сар кард.

Қонун доир ба Омбудсмен ва ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон моҳи марти соли гузашта аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда буд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо иттифоқи оро пешниҳоди номзадии Зариф Ализода ба мақоми намояндаи ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар Тоҷикистонро, ки аз сӯи раисиҷумҳурии ин кишвар сурат гирифт, таъйид карданд.

Зариф Ализода қабл аз интисоб ба ин мақом дар вазифаи мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва ҳамзамон намояндаи комилҳуқуқи раисиҷумҳур дар Маҷлиси Олии кишвар фаъолият мекард.

Намояндаи ваколатдори ҳуқуқи башар ё омбудсмен як мақоми мустақили ҳомии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мебошад, ки ба манзури назорати риояти ҳуқуқ ва ҳифзи озодиҳои инсон ва таҳкими ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ фаъолият хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG