Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти нави сокинони Ҳушёрӣ алайҳи ширкати IRS


Тазоҳуроти қаблии сокинони Ҳушёрӣ дар 18-уми ноябри соли 2010.

Тазоҳуроти қаблии сокинони Ҳушёрӣ дар 18-уми ноябри соли 2010.

Зиёда аз 100 сокинони шаҳраки Ҳушёрӣ бо шиорҳо ва талаби кӯчонидани посгоҳи пулчинии ширкати IRS дар назди дарвозаи он ҷамъ омадаанд. Онҳо мегӯянд, то талабашон иҷро нашавад, тазоҳуротро идома хоҳанд дод. Гуфтушуниди сокинони норозии Ҳушёрӣ ва масъулони ширкат ва мақомоти давлат дар ин бора то ҳанӯз натиҷае надодаанд. Ширкати IRS гуфтааст, кӯчонидани дарвоза ва тарозуи он харҷи иловагиро мехоҳад, ки ширкат ба он омода нест. Сокинони ноҳияи Варзоб бори чандум аст, аз мавҷудияти гузаргоҳи ширкати IRS дар маҳалли зисти худ ва гаронии ҳаққи убур аз роҳи пулакӣ тазоҳурот мекунанд. Онҳо мегӯянд, бо ин гирдиҳамоӣ мехоҳанд, таваҷҷӯҳи раисиҷумҳури кишварро ба мушкили хеш ҷалб кунанд.
XS
SM
MD
LG