Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВУД: Амалиёт дар водии Рашт идома хоҳад кард


Мақомоти Тоҷикистон аз ҳалокати ду нафари дигар дар водии Рашт, ки онҳоро ситезаҷӯ номидаанд, хабар медиҳанд. Сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Ҷалолиддини Садриддин ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз кушташудагон Додарбек Каримови 45-сола, сокини шаҳри Душанбе ва узви фаъоли Ҳаракати исломии Узбакистон аз гумонбаршудагон дар таҳияи таркишҳо ва қатли низомиён дар шаҳри Душанбе дар солҳои 1995 то 1999 мавриди ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доштааст. Кушташудаи дувум, Машраб Убайдуллоеви 28-сола, зодаи шаҳри Исфара низ мавриди ипайгард будааст. Намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи таҳти раҳбарии фармондеҳони пешини мухолифон Аловиддин Давлатов ва Абдулло Раҳимов, маъруф ба Мулло Абдулло, дар водии Рашт то боздошт ё қатли ин афрод идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG