Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти зиёда аз 1000 донишҷӯ аз хориҷа ба Тоҷикистон


Дар ду моҳи охир зиёда аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон аз донишгоҳҳои динии мамолики исломӣ ба ватан баргардонида шуданд. Дар ин бора сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев ба хабаргузории русии ИТАР-ТАСС иттилоъ дода афзудааст, бозгашти онҳо асосан ба таври доваталабона ва ихтиёрӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Вай афзудааст, сухан асосан аз онҳое меравад, ки дар ин кишварҳо ғайриқонунӣ ба сар бурда, бештар дар муассисаҳои таълимии нимамахфӣ ва шубҳабарангез таҳсил мекардаанд. Шаҳрванди Тоҷикистон асосан аз Миср, Эрон ва Покистон ба ватан баргаштаанд. Дар моҳи августи соли равон раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз падару модарон даъват карда буд, фарзандони худро аз кишврҳои хориҷӣ бозпас хонанд. Вай гуфта буд, онҳо аз таҳсил дар хориҷа ба ҳайси террористу тундгаро бармегарданд.
XS
SM
MD
LG