Пайвандҳои дастрасӣ

Табодули оташ дар байни ду Корея


Сӯхтор бар асари инфиҷори гулӯлаҳо дар қаламрави Кореяи Ҷанубӣ

Сӯхтор бар асари инфиҷори гулӯлаҳо дар қаламрави Кореяи Ҷанубӣ

Ҳарбиёни Кореяи Ҷанубӣ мегӯянд, ба зарбаи тӯпхонаи Кореяи Шимолӣ посухи ҳамсанг додаанд. Бино бар хабарҳои матбуот, Кореяи Шимолӣ як ҷазираи Кореяи Ҷанубиро гулӯлаборон кардааст, ки дар натиҷаи он як сарбози Кореяи Ҷанубӣ кушта ва се тани дигар ҷиддан захмӣ шудаанд. Наворҳои видеоӣ нишон медиҳанд, ки бар асари ҳамла даҳҳо бино дар ҷазираи Йонпйеонги Кореяи Ҷанубӣ оташ гирифтаанд. Чин дар робита ба ин табодули оташ дар байни ду Корея изҳори нигаронӣ кардааст. Дар моҳи март як киштии ҳарбии Кореяи Ҷанубӣ бо 46 маллоҳ ғарқ шуд ва Сеул дар ин воқеа Кореяи Шимолиро айбдор кард.
XS
SM
MD
LG