Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи оби Камбоҷа ба фоҷеъа табдил шуд


Ба ҳарос афтодани издиҳоме дар ҷашнвораи об дар Пномпен, пойтахти Камбоҷа мунҷар ба ҳалокати 330 нафар ва ҷароҳат бардоштани садҳо тани дигар шудааст. Ин ҳодиса дар болои пуле, ки пойтахти ин кишварро бо як ҷазира мепайвандад, рух додааст. Бархе аз афроди ба таҳлука афтода, худро ба об андохтаанд.

Телевизиони давлатии ин кишвари Осиёи ҷанубшарқӣ мегӯяд, дастикам 240 тан аз қурбониён занон будаанд. Сарвазири Камбоҷа Ҳун Сен ҷиҳати таҳқиқи қазия дастур додааст.


Ба гуфтаи мақомоти давлатии Камбоҷа ҳудуди ду милллион нафар барои ширкат дар ин ҷашновораи серӯзаи об ба Пномпен омада буданд.

Ин ҳодиса дар ҷараёни консерт, вақте рух додааст, ки издиҳом дучори ҳарос шуда ва ҳар кадоме кӯшиш мекард, ки аз маҳал берун биравад.

Аксари афрод дар зери по мондаанд ва ё аз пул бар рӯйи дарёи Тунлесап худро ҳаво додаанд.

XS
SM
MD
LG