Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин имрӯз бо Ҷибао мулоқот мекунад


Сарвазири Русия Владимир Путин имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербург бо ҳамтои чиноияш Вен Ҷибао музокирот хоҳад кард. Мақомоти Русия мегӯянд, дар ҷараёни боздиди Вен Ҷибао аз Русия имзои 11 қарордод дар назар дошта шудааст. Чин хостори нархи арзонтар барои гази Русия буда, ду ҷониб, бино ба хабарҳо, бар сари қимати тақрибан 100 доллар барои ҳазор метри мукааби гази табиӣ ба тавофуқ расидаанд. Путин ба афзоиши фурӯши захоири табиӣ ба Чин, иқтисоди аз лиҳози мизони рушд сареътарини дунё даъват кардааст.
XS
SM
MD
LG