Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори 3 тан аз ёрони Боқиев


Се мақоми дар гузашта баландпояи Қирғизистон, ки ҳамроҳ бо раҳбари пешини он кишвар Қурмонбек Боқиев дар як парванда муҳокима мешаванд, дирӯз ба додгоҳ ҳозир нашуданд ва мақомот мегӯянд, куҷо будани онҳоро намедонанд. Додгоҳи Қирғизистон парвандаи 28 узви собиқи давлати Боқиевро бо иттиҳоми қатли эътирозгарон дар намоишҳои моҳи апрел баррасӣ мекунад. Собиқ додситони кулл Нурлан Турсунқулов ва ду раҳбари собиқи дастгоҳи Боқиев Қанибек Ҷороев ва Оксана Малеванная зоҳиран ба маҳзи ҳамин мурофиа аз манзилҳои худ фирор кардаанд. Дар нооромиҳои моҳи апрел, ки мунҷар ба суқути давлати Боқиев шуд, ҳудуди 90 эътирозгар кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG