Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷустуҷӯи пораҳои мушаки уфтода дар ғарби Қазоқистон


Мақомоти Қазоқистон ба ҷустуҷӯи шикастапораҳои мушаке, ки дар ғарби ин кишвар уфтодааст, идома медиҳанд. Пораҳои ин мушак ҳанӯз 3 рӯз пеш дар атрофи рустои Конир, ҳудудан 3 километр дуртар аз марзи Русия сарозер шудааст. Таҳқиқоти муқаддамотӣ ба натиҷае расида, ки ин мушак зоҳиран сохти русист. Сухангӯи вазорати хориҷаи Қазоқистон Илёс Умаров гуфт, дар амалиёти ҷустуҷӯи пораҳои ин мушак мақомоти Русия низ ҳузур доранд.
XS
SM
MD
LG