Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуруснанишинии 30 маҳбуси зиндони Жашлиқ


Ҳудуди 30 маҳбуси зиндони ба бадрафторӣ ном баровардаи Жашлиқ дар Узбакистон ба нишони эътироз ба шароити маҳбас аз поёни моҳи октябр ба ин сӯ гуруснанишинӣ эълон кардаанд.
Пайвандони ин маҳбусин мегӯянд, ки онҳо бо ҷурми фаъолиятҳои ифротии мазҳабӣ адои ҳукм мекунанд. Ба гуфтаи пайвандон, ба бархеи онҳо тақрибан як моҳ боз иҷозати аёдати маҳбусонро дар зиндони Жашлиқ намедиҳанд.
Жашлиқ, воқеъ тақрибан дар 1000-километрии Тошканд дар шимоли Узбакистон, бо низоми бениҳоят шадидаш маъруф буда, дар Узбакистон ин зиндонро ҳатто ҷое меноманд, ки роҳи бозгашт надорад. Феълан дар ин зиндон тақрибан 500 маҳбус адои ҳукм мекунад.
XS
SM
MD
LG