Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду сарбози НАТО дар ҷануби Афғонистон кушта шуданд


НАТО мегӯяд, рӯзи душанбе бар асари таркиши бомб дар ҷануби Афғонистон ду ходими байналмилалӣ кушта шуданд. Ҷузъиёти дигари ҳамла ва ҳуввияти қурбониён оварда нашудааст. Танҳо дар моҳи равон дар Афғонистон 45 сарбози НАТО ҷон бохтаанд. Ин паймон фармондеҳии нирӯҳои байналмилалӣ дар ин кишвари ҷангзадаро бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG