Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати дастикам 330 нафар дар Камбоҷа


Болои ҳам рехтани издиҳом дар як ҷашнвораи об дар Пномпен, пойтахти Камбоҷа мунҷар ба ҳалокати дастикам 330 нафар ва ҷароҳат бардоштани ҳамин миқдори дигар шудааст. Шоҳидон мегӯянд, издиҳоми ҷамъшуда дар пуле, ки пойтахти ин кишвари Осиёи ҷанубушарқиро бо як ҷазира мепайваст, дар таҳлука афтода, бисёриҳо худро ҳатто ба об андохтаанд. Телевизиони давлатӣ мегӯяд, дастикам 240 тан аз қурбониён занон будаанд. Сарвазири Камбоҷа Ҳун Сен ҷиҳати таҳқиқи қазия дастур додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG