Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирландияи бӯҳронзада парлумонашро мунҳал мекунад


Сарвазири Ирландия Браян Ковен гуфт, аз мақоми худ истеъфо доданӣ нест, вале метавонад дар пайи тасвиби будҷаи изтирорӣ ва музокирот барои дарёфти кӯмаки молӣ аз Иттиҳодияи Аврупову Сандуқи байналмилалии пул парлумони кишварашро мунҳал кунад. Ковен гуфт, умедвор аст, парлумон алакай рӯзи 7 декабр тарҳи будҷаро бипазирад. Ин тарҳи пешниҳодӣ ҳудуди 6 миллиард фунт, ё 8,2 миллиард доллар аз касри соли ояндаро хат мезанад. Сарвазири Ирландия афзуд, то замони ахзи тавофуқ бар сари кӯмаки молии ИА ва Сандуқи пул, ки дар ҳудуди 100 миллиард евро, ё 137 миллиард доллар, рақамаш мезананд, дар мақоми худ хоҳад монд. Аммо ба дунбол, гуфт ӯ, парлумонро мунҳал ва интихоботи ҷадиди пеш аз мӯҳлат даъват хоҳад кард. Бо ин ҳол, имкони кумаки молии байналмилалӣ ба иқтисоди буҳронзадаи Ирландия бозорҳои ҷаҳониро руҳбаланд карда, боиси як миқдор боло рафтани қурби евро шуд. Вале ин хушбинӣ дер давом накард ва алакай аз шоми душанбе қурби евро дигарбора рӯ ба коҳиш овард.
XS
SM
MD
LG