Пайвандҳои дастрасӣ

Дар водии Рашт боз 2 ҷангӣ кушта шудаанд


Матбуоти расмии Тоҷикистон аз ҳалокати боз ду ҷангии дигар дар водии Рашт хабар медиҳад. Бино ба гузориши телевизиони давлатии Тоҷикистон, яке аз кушташудагон Додарбек Каримови 45-сола, сокини Душанбе ва узви фаъоли Ҳаракати исломии Узбакистон будааст. Ҷангии дуввуми кушташударо ин манбаъ Машраб Убайдуллоеви 28-сола, зодаи шаҳри Исфара ном мебарад. Амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи таҳти раҳбарии фармондеҳони пешини мухолифин Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ва Абдуллоҳ Раҳимов, маъруф ба Мулло Абдулло, дар водии Рашт аз миёнаи моҳи сентябр ба ин сӯ, беш аз 2 моҳ боз идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG